Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иқдоми неки кормандон ва курсантони факултети №4-и Акдемияи ВКД

292

Бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ, хушнудиву болидахотирӣ санаи 20-уми апрели соли 2019 курсантон бо роҳбарии устодон барои гузаронидани шанбегӣ дар факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ дида, сараввал атрофу акнофро тоза намуда, хоки зери ниҳолҳоро нарм намуданд ва полизҳоро барои кишту кор омода карданд. На танҳо саҳну боғот, балки утоқу долонҳо низ тоза гардида, бо овезаву деворнигораҳои тоза ва бо гулҳои хонагии тароватбахш ороиш ёфтанд.
Инчунин ба ҷуз тарбияи зеҳниву маънавӣ курсантон боз ба меҳнати ҷисмонӣ, яъне ҳамарӯза барои ободонии атрофи таълимгоҳи Академияи ВКД ва назди хобгоҳ машғул ҳастанд, яъне ҳадаф аз гузаронидани шанбегӣ дар аввали баҳор ин аз бар кардани қудратмандӣ дар ирода ва шурӯъ намудан ба корнамоиҳо, талошҳо ва барномаҳои оянда аст.
Халқи тоҷик аз гузашта соҳиби фарҳангу маданияти баланд буда ҳамеша оини дӯстӣ ва поси ошноиҳоро риояву побарҷо нигоҳ доштааст. Захираи донишу маърифат ва пешрафту созандагии мо аз бисёр сарватҳои маънавию сиёсӣ фароҳам омада, дар ин радиф саҳми намояндагони дигар халқияту миллатҳо беназир аст.

293

Дар ҳамин нукта Мавлавии Румӣ хуб фармудааст:
Пас забони ҳамдилӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Устодон бо курсантони факултети 4-и Акдемияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки барои тозагии оромгоҳ ва муҷассамаи ёдгории ҷанговарони байналмилалӣ (интернасионалистони ҷанги Афғонистон), саҳми хешро гузоранд, зеро ин иқдом шаш сол ин ҷониб давом дорад. Сарфи назар аз он, ки ин ҷо сокини кадом миллат дафн гардидааст, ин хоки муқаддас хоки азизи Ватани мост.
Дар ин чорабинӣ муовини Консули Генералии Федератсияи Россия дар вилояти Суғд Варламов Андрей Николаевич, муҳарррири маҷаллаи «Содружество» Сулаймонов Эргаш Носирович, имомхатиб Мардави ва аъзои ҷамъияти халқи рус иштирок доштанд.

294

Ба ҷуз тарбияи зеҳниву маънавӣ курсантон боз ба меҳнати ҷисмонӣ, яъне ҳамарӯза барои ободонии атрофи таълимгоҳи Академия ва назди хобгоҳ машғул мебошанд. Саҳм гузоштан барои тозагиву ободонии оромгоҳ иқдоми нек маҳсуб меёбад.
Ҷабборова М.Т., сардори қисми таълим, н.и.ф., майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...