Ҷамъбасти озмуни “Муаллими беҳтарини сол” дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтаргардонии сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 бар меояд ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар вохӯрӣ бо омӯзгорону курсантони Академия роҳбарияти ин муассисаи олии таълимӣ тасмим гирифтанд, ки раванди таълиму тарбияро дар Академия зери назорати қатъӣ гирифта, натиҷаи ҳармоҳаи онро дар воҳидҳои таълимӣ-низомӣ ҷамбаст намуда, баҳри ҳавасмандгардонӣ беҳтаринҳоро бо мукофотҳо сарфароз гардонанд.
Дар ҳамин асос бо супориши сардори Академияи ВКД, дотсент, номзади илмҳои хуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ озмуни “Муаллими беҳтарини сол”дар соли хониши 2018-2019 гузаронида шуд.
Рӯзи 22-юми апрели соли 2019 дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ маросими ҷамъбасти озмуни “Муаллими беҳтарини сол” муайян гардид, ки ҷои аввал бо маблағи се ҳазор сомонӣ насиби муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Факултети №2, майори милитсия Самиъзода Б.С. гардид ва омӯзгорони дигар бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Гузаронидани чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки сифати таълиму тарбия дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам беҳтар гардад.
АСЛАМОВ Б., УБАЙДУЛЛОЕВ Ш.