Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОМЁБИҲОИ КУРСАНТОНИ ФАКУЛТЕТИ №4 ДАР МУСОБИҚАҲОИ БАЙНИ ДОНИШГОҲИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

283

Аз санаи 16-ум 21-уми апрели соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаҳои варзишӣ (Спартакиада) байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд, аз рӯи намудҳои «бокс», «гӯштини тарзи озод», «гӯштини миллӣ», «гӯштини дзюдо», «воллейбол», «шоҳмот» ва «варзиши сабук», ташкил карда шуда буд, ки курсантони факултети №4, дар ҳамаи намудҳои номбаршуда фаъолона иштирок ва ҷойҳои намоёнро ишғол намуда истодаанд.

Санаи 18-уми апрел дар рӯзи дуюми баргузориҳои мусобиқаҳои варзишӣ курсантони факултети №4 боз аз ду намуди варзиш соҳиби медали тилло гардиданд. Ин курсантон, милитсияҳои қаторӣ Мирраҳимов Маҳмадшо ва Эшонқулова Мубина мебошанд, ки охирин дар рӯзи аввал низ соҳиби як медали тилло, дар намуди партофтани найза, гардида буд.

284

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз 8 нафар курсантони факултет дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «гӯштини дзюдо» баромад намуданд. Ин намуди мусобиқа бо чунин натиҷаҳо анҷом ёфт. Курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ Давлатзода Абурайҳон дар вазги 57 кг чемпиони мутлақ гардида, соҳиби медали тилло гардид. Ба ғайр аз ин курсантони факултет дар ин намуди варзиш соҳиби 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд.
Мусобиқаҳо дар ин самт идома доранд.
Муҳаммадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД, полковники милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...