Мизи мудаввар таҳти унвони «Тоҷикистон-макони ҳунарҳои асил ва сайёҳӣ»
Тоҷикистон яке аз гӯшаи биҳиштосои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки имрӯз тамоми сайёҳону меҳмонони олам мафтуну шефтаи он гаштаанд. Маҳз тавассути сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ҷумҳурии мо ободу зебо гардида, таваҷҷӯҳи сайёҳон ба минтақаҳои зебои он меафзояд.
Аз ин рӯ, санаи 19 апрели соли ҷорӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Тоҷикистон-макони ҳунарҳои асил ва сайёҳӣ» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси ҷамъияти илмии курсантони «Наҷотдиҳандагон»-и кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5, Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД, Шӯрои роҳнамоён ва Шӯрои кураторони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, масъалаҳои зерин баррасӣ карда шудаанд: рушди сайёҳӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, мусоидати ҳунарҳои мардумӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ, нақши мавзеъҳои сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат, деҳот ҳамчун инъикоскунандаи фарҳангу анъанаҳои миллӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва нақши он дар ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сайёҳӣ соҳаи боэътимод, аҳамияти сайёҳӣ ва проблемаҳои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби духтарон ба ҳунаромӯзӣ.
Дар мизи мудаввар ба ғайр аз курсантони Академияи ВКД низ волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба монанди Валиева Гулдаста, Асламзода Фотима ва Асламзода Зуҳро фаъолона иштирок доштанд.
Убайдулозода Фируза, ходими калони Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия