Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар МТМУ №31 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбия ва донишандӯзии насли наврас, тарбияи ватандӯстӣ, инчунин пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар байни онҳо аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки зимни вохӯрии роҳбарияти Академияи ВКД бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дар доираи нақша-чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва муноқишаҳои байнимактабӣ, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти насли наврас, бо супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ санаи 19-уми апрели соли 2019 вобаста ба Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шохмансури шаҳри Душанбе курсантдухтарони қаровули фахрии Академияи ВКД иштирок намуда, бо маҳорати баланд бо силоҳ ҳунарнамоӣ карданд.
Дар ин чорабинии мазкур муовини сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитси Ализода А.Ш., сардори шуъбаи таълим, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Одиназода А.Ш., сардори шуъбаи кадрҳои Академия полковники милитсия Абдулозода А.Е., ширкат варзиданд.
Омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансур аз ин иқдоми роҳбарияти ВКД ва Академияи он изҳори миннатдорӣ ва хушҳолӣ намуда, зикр карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои тарғиботӣ ва тарбияи ватандӯстӣ ба ҷаҳонбинии насли наврас таъсири мусбат мерасонад.
Б.Асламов.,
Ш.Убайдуллоев,
С.Сафарова .