Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки олимони Академияи ВКД дар он-лайн конференсияи байналмилалӣ

272

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. дар Академияи ВКД баргузор намудани он-лайн конференсияҳо бо дигар давлатҳо ба роҳ монда шудааст.

273

Бояд иброз намуд, ки то ин ҷониб 15 маротиба чунин он-лайн конференсияҳо баргузор гардиданд, ки дар он олимон Академияи ВКД Тоҷикистонро сазовор муаррифӣ намуданд.
Рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ боз як он-лайн конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Проблемаҳои мубрами ҳуқуқ ва давлат дар асри XXI», ки ташкилкунандаи он Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Уфа буд, баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Уфа оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Алексей Юревич Терехов баромад намуд.
Дар чорабинии мазкур ҳуқуқшиносон ва олимони соҳаи ҳуқуқи барҷастаи Федератсияи Россия (ш.Нижний Новгород, Воронеж, Уфа), Академияи Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон (ш.Актобе), Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар рафти он-лайн конференсия масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон оид ба моликияти зеҳнӣ, хусусияти мурофиавӣ ва ахлоқии гузаронидани экспертизаи судӣ дар раванди мурофиавии судӣ вобаста ба парвандаҳои ноболиғон, мулоҳизаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, масъалаҳои нобаробарии иҷтимоӣ дар меъёрҳои қонунгузории ҷиноятии Россия, ҳуқуқи киберӣ дар махзани батанзимдарории ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дигар проблемаҳои актуалӣ баррасӣ гардиданд.

274275

Аз номи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М. бо маърӯза дар мавзӯи «Маданияти ҳуқуқи инсон дар асри XXI» баромад намуда, як қатор пешниҳодҳоро оид ба баланд бардоштани маданияти ҳуқуқи инсон дар замони муосир ба иштирокчиёни конференсия пешкаш намуд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...