Муносибатҳои муштараки гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Россия: ҷанбаи геополиткиии он
Тоҷикистон ва Россияро таърихан муносибатҳои чан-динасраи дӯстона ба ҳам мепайвандад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Федератсияи Россия миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи хоса дошта, чун шарики асосии стратегӣ эътироф шудааст. Федератсияи Россия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Заминаи шаклҳои нави ҳамкориро дар шароити рушди мустақилона Протокол дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар асос гузошт, ки 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Ду-шанбе ба имзо расид. Рӯзи 4 майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе Сафорати Федератсияи Россия фаъолияти худро оғоз кард. Дар таърихи 8 июни соли 1993 Намояндагии до-имии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба Намо-яндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия табдил дода, 18 декабри ҳамон сол дар заминаи он Сафорат таъсис дода шуд. Алҳол дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрван-дони Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия ва густариш бах-шидан ба ҳамкориҳо нақши муҳим дорад. Аз соли 1992 то 2013 миёни Тоҷикистону Россия зиёда аз 230 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии танзим-кунандаи аксарияти соҳаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Санади муҳимтарини байнидавлатӣ – Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн ба ҳисоб меравад, ки 25 майи соли 1993 ба имзо расидааст.
Миёни ду кишвар робитаҳои фаъоли сиёсӣ ва алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудаанд. Роҳбарони ҳарду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин зимни ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ мулоқоту вохӯриҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд, ки дар рафти онҳо муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия ба таври мушаххас баррасӣ мегарданд. Тоҷикистон ва Россия оид ба аксарияти масъалаҳои консептуалии сиёсати байналмилалию минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ мавқеи ба ҳам наздик доранд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳамкориҳои босамар дар доираи чунин созмонҳои байналмилалӣ - Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоти Иқтисодии АвруОсиё, Созмони Аҳдно-маи амнияти дастаҷамъӣ ва дигарҳо аҳамияти муҳим дода мешавад. Боздиди расмии сарони ду давлат, ки моҳи апрели соли 1999 дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия ба вуқӯъ пайваст, далели рушди собитқадамона ва таҳкимбахши муносибатҳои шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия гардид, ки дар рафти он «Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба асри XXI нигаронидашуда», «Созишнома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи ҳарбии Россия дар ҳудуди Тоҷикистон» ба имзо расиданд. Қарордодҳои дар рафти мулоқоти баъдина бадастомада низ барои кишвар аҳамияти хосаи стратегӣ доранд. Дар ин робита сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия (апрели 2001, июни 2004 ба шаҳри Москва, октябри 2005 ва июни 2007 ба Санкт-Петербург, октябри 2007 ба Челябинск, августи 2013 ба Ново-Огарёво), инчунин са-фарҳои Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба шаҳри Душанбе (ноябри 1999, июли 2000, октябри 2001, апрели 2003, ташрифоти расмии ӯ октябри 2004, августи 2008, сентябри 2011, октябри 2012) қобили қайд мебошанд. Натиҷагирии ин вохӯриҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои ша-рикӣ такони тозае бахшида, дар рафти онҳо механизмҳои суръатбахшии раванди иҷрои қарордодҳои басташуда му-айян гардиданд. Ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзун додани гардиши мутақобилаи савдо, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, исти-хроҷи нафту газ ва канданиҳои фоиданок, густариши ҳам-кориҳои ҳарбию техникӣ ва фарҳангӣ диққати махсус медиҳанд. Дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои калидии ҳам-кориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои ҳарбию техникӣ ва сарҳадӣ, таъмини амнияту бехатарӣ дар минтақа, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор ёфта, теъдоди созишнома ва қарордодҳо вобаста ба амалисозии лоиҳаҳои иқтисодии соҳаи гидроэнергетика ва металлургияи ранга, истихроҷи нафту газ ва канданиҳои фоиданок ба имзо расонида шуданд.
Тибқи ҳуҷҷатҳои имзошуда аз моҳи декабри соли 2004 то июни соли 2005 сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бата-дриҷ аз қӯшунҳои сарҳадии Россия ба сарҳадбонони Тоҷикистон супорида шуд. Моҳи августи соли 2008 оид ба кушодани филиалҳои мактабҳои олии бонуфузи Федерат-сияи Россия созишнома баста шуд, ки алҳол дутои он фаъолиятро оғоз намудаанд. Сафари расмии Президенти Федератсияи Россия В.Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 октябри соли 2012 сурат гирифт, далели рушди муттасил ва амиқи муносибатҳои ҳамёрии стратегии байни ду кишвар маҳсуб меёбад. Дар рафти ин сафар созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ, ёддоштҳои тафоҳум оид ба таҳвили нафт ва маҳсулоти он, энергетика, инчунин ривоҷи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ба имзо расонида шуданд.
Ҷониби Россия дар роҳандозии лоиҳаҳои CASA-1000, инчунин оид ба иқдомоти Тоҷикистон дар истифодаи им-кониятҳои гидроэнергетикӣ дастгирии худро изҳор намуд. Дар тақвияти қарордодҳои ҳангоми ин ташрифот бадасто-мада, дар соли 2013 созишномаҳо оид ба таҳвили маҳсулоти нафт ба Тоҷикистон, созишномаҳо дар соҳаи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар қаламрави якдигар ба имзо расида, созишномаҳо оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, навсозии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таҳия карда шуданд.
Санаи 1 августи соли 2013 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия сурат гирифт. Роҳбарони ду давлат дар рафти боздид бо итминони комил таъкид намуданд, ки заминаҳои боэъти-моди мавҷудаи ҳамкорӣ манбаъи муҳими устуворӣ ва амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ҳошияи равобити сиёсии ҳарду давлат, ҳамкориҳои байни-парлумонии Тоҷикистону Россия ба таври фаъол ба роҳ монда шудаанд. Соли 2006 дар назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи доимӣ оид ба кор бо Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии ФР таъсис дода шуд. Миёни вакилони парлумони ду ҷониб мунтазам вохӯриву мулоқотҳои судманд сурат мегиранд. Ҷанбаҳои ҳамкории иқтисодии байни Точикистону Россия пеш аз хама дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ муайян мегарданд. Россия шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки ҳиссаи он дар тавозуни савдои Тоҷикистон 20 фоизро ташкил медиҳад. Яке аз самтҳои муҳими ҳам-кориҳои иқтисодии ду ҷониб, ки ба иқтисодиёти ҳарду ки-швар таъсиргузор аст, маблағгузории сармоягузории Россия ба соҳаҳои иқтисодии кишвар – энергетика, истеҳсолоти саноатӣ, соҳаҳои кӯҳию металлургӣ ва сохтмон, нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, соҳаи технологияҳои баланд, кишоварзӣ ва ғ. мебошад.
Бояд қайд кард, ки тайи чанд соли охир сармоягузории бевоситаи Россия ба Тоҷикистон зиёда аз 700 млн.дол. ШМА-ро ташкил дод. Ширкати «Газпромнефт» ба Тоҷикистон зиёда аз 40 млн. дол.ШМА маблағгузорӣ намуда, имрӯз тақрибан 60% ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтиро таҳвил медиҳад. Лоиҳаи бузургтарини сармоягузорӣ истгоҳи барқии обии «Сангтӯда-1» ба ҳисоб меравад, ки соли 2008 пурра ба истифода дода шуд. Тибқи қарордодҳои дуҷонибаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Газпром», ҷонибҳо корҳои иктишофии геологиро дар мавзеъҳои нафту гази кишвар амалӣ карда истодаанд. Ми-ёни мақомоти сиёсии хориҷии ду ҷониб муносибатҳои судманди боварибахш ба роҳ монда шудаанд.
Аз соли 2008 вохӯриҳои дуҷониба миёни вазирони корҳои хориҷӣ мунтазам анҷом ёфта, ҳамасола барномаҳои кории байниидоравӣ ба имзо расонида мешаванд. Дар натиҷаи чунин ҳамкориҳои судманд, дар шаҳрҳои Екате-ринбург ва Уфа, ки минтақаҳои калонтарини Федератсияи Россияро дарбар мегиранд, Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуданд, ки барои ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин минтақаҳо аҳамияти муҳим доранд. Ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва технологияҳои инноват-сионӣ низ босамар тавсеа меёбанд. Ин раванд бо таъсисёбии намояндагии КВД «Россотрудничество», Маркази иттилоотию фарҳангии Бунёди «Русский мир» дар Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт. Айни замон дар Тоҷики-стон дар баробари Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Рос-сия, инчунин филиали ду донишгоҳи пуриқтидори Москва – Донишгоҳи давлатии Россия ба номи М.Ломоносов ва до-нишкадаи хӯла ва пӯлоди Москва фаъолият доранд.
Тӯли солҳои охир теъдоди умумии донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии Федератсияи Россия таҳсил мекунанд, зиёда аз 5 ҳазор нафарро ташкил дода, рӯ ба афзоиш дорад. Тарғиби фарҳанг, забон ва дигар ар-зишҳои маънавии халқҳои Тоҷикистон ва Россия дар муно-сибатҳои дуҷониба мақоми хоса доранд. Баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ва Рӯзҳои адабиёти ду кишвар дар қаламрави якдигар (1997, 1999, 2004, 2005, 2008) анъанавӣ гардидаанд. Бо итминон собит намудан мумкин аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия бо назардошти воқеияти муосир устуворона ва давра ба давра тамоюлот ба таъмиқу тавсеа доранд. Дар ҳошияи афзун гардидани нақши ди-пломатияи иқтисодӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, муносибатҳои миёни Тоҷикистону Россия боз ҳам тақвият ёфта, онҳо то-рафт ҷанбҳаҳои нав ба нави ҳамкориро мувофиқи имконият, ниёзмандӣ манфиатҳои мутақобила ва наздикии мавқеъ оид ба сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фарогиранд.
Ҳамин тариқ новобаста аз он, ки дигар давлатҳо нис-бати Тоҷикистон манфиатҳои геполитикӣ ва таваҷҷуҳи хос пайдо намудаанд, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар оянда низ ҳамчун шарики боэътимоди стратегии Федератсияи Россия боқӣ мемонад.
Аз ин сафари навбатии кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия (16-17 апрели соли 2019) ва иҷрои чандин созишномаҳои гуно-гунҷонибаи байни давлатҳо дарак медиҳад.
Асламов Б.С., муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ИЖТ, полковники милитсия-Тел.939225076
Боев Ҷ.Ҷ., сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия
Тел.935082145