Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаҳои варзишӣ дар вилояти Суғд

265

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар асоси фармоиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 16-уми апрел то санаи 21-уми парели соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои варзишӣ (Спартакиада) байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд, бо мақсади интихоби варзишгарони вилояти Суғд барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз рӯи намудҳои «бокс», «гӯштини тарзи озод», «гӯштини миллӣ»,«гӯштини дзюдо», «воллейбол», «шоҳмот» ва «варзиши сабук», ташкил карда шуд.

Дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд, факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин мусобиқаҳо фаъолона иштирок карда истодаанд.
Рӯзи 16-уми апрели соли 2019, 11 нафар курсантони факултет дар гӯштини миллӣ, ки дар толори варзишии «Устопириён» баргузор гардид, иштирок намуда, соҳиби 5 медал, аз ҷумла, 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд. Қайд кардан зарур аст, ки курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ Ҳусейнов Азизмуҳаммад дар ин намуди варзиш, дар вазни 90 кг чемпиони мутлақ гардид ва барои иштирок намудан ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

266

Ҳамчунин худи ҳамин рӯз курсантони факултет дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «Варзиши сабук» иштирок намуданд, ки фақат дар рӯзи аввали мусобиқаҳо соҳиби 2 медали тилло ва 2 медали нуқра гардиданд. Дар ин намуди варзиш курсанти курси 2-юм, милитсияи қаторӣ Эшонқулова Мубина ниҳоят фаъол буда, дар партофтани найза ҷойи аввалро ишғол намуд.
Мусобиқаҳо дар ин самт идома доранд.
Муҳаммадиев Н. Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...