Ташкили вохӯрии сардорони Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо курсантони Академияи ВКД
Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26-декабри соли 2018 бармеояд ва супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар заминаи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кадрҳои роҳбарикунанда бо сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Баҳри тақвияти робитаи назария бо амалияи мақомоти корҳои дохилӣ дар таърихи 17 апрели соли 2019 бо супориши сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ вохӯрии сардорони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо курсантони Академияи мазкур баргузор гардид, ки ин иқдом дар тарбияи тамоюли касбии курсантон нақши муҳим мебозад.
Сардорони ШВКД-ҳо ба курсантон оид ба талаботи Вазорати корҳои дохилӣ, риояи қонуният ва интизоми хизматӣ донистани ҳуҷҷатнигорӣ, чолокию ҷасурӣ бо роҳи дурусти донишандӯзӣ ва тарбияи тамоили касбии кормандони милитсия тавсияҳои муфид дода шуд.
Сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ташкили корҳои тарбиявӣ, ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар таҳкими асосҳои моддӣ ва маишии ВКД, алалхусус Академияи он сӯҳбатҳои муфид намуданд.
Б.Асламов, Ш.Убайдуллоев.