Шанбегӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷаласаи назди Вазири корҳои дохилӣ, бинобар эълон намудани рӯзҳои шанбе – «Рӯзҳои экология» ҳайати шахсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13-уми апрели соли 2019 бо ширкати бевоситаи сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, ҳайати доимии Академияи ВКД ба шанбегии умумӣ баромада, барои тозаю озода намудани гирду атрофи бинои Академия, рангу бори роҳравҳо, синфхонаҳо, кабудизоркунӣ ва шинондани гӯлу буттаҳои ороишӣ ҷалб карда шуданд.
Инчунин, бо роҳбарии муовинони сардори Академияи ВКД, полковники милитсия Собирзода А.Ҷ., полковники милитсия Саидзода З.А., сардори Факултети рақами 5 полковники милитсия Ҳайдарзода Ш., сардори Факултети рақами 6 полковники милитсия Самиев Н.М., як гурӯҳ омӯзгорон ва курсантони факултетҳои №№ 2, 5, 6 ба истиқболи 74-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба оромгоҳи иштирокчиёни ҶБВ, интернатсионалистони Афғонистон, кормандони милитсия ва дигар фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ки дар ноҳияи Шохмансури шаҳри Душанбе дафн гардидаанд, сафарбар гардида, гирду атроф ва роҳравҳои оромгоҳи мазкурро аз алафҳои бегона тоза намуданд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.