Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ оид ба вазъи ҳуқуқии гурезаҳо

254

Рӯзи 12-уми апрели соли 2019 семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои курсантони курси 4 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ташкилкунандаи семинари мазкур ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» буд, ки шарики Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. сухан ронда, аз ҷумла, қайд намуд, ки аз аввали асри ХХ ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қазияи гурезагон рӯ ба рӯ гардида, соли 1951 Конвенсия оид ба вазъи гурезагон қабул гардид, ки ин ҳуҷҷати бунёдии ҳуқуқи байналмилалии амалкунандаи гурезагон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкур ва Протоколи марбут ба онро соли 1994 тасдиқ намуда, иҷрои ӯҳдадории ин ҳуҷҷатро ба зима дорад ва ҷиҳати беҳтарсозии мақоми гурезаҳо тадбирҳои судманд меандешад.
Мақсади баргузории семинари омӯзишӣ ин пеш аз ҳама, ба хотири баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва риояи ҳуқуқи инсон равона шуда, ба амалигардонии Барномаи давлатии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 мебошад.
Семинари мазкурро тренерони миллии Тоҷикистон, мутахассисони ин самт Қодирқулов Х.Р. ва Давлатшоев Ш.З. гузарониданд. Аз ҷумла, Қодирқулов Х.Р. таъкид намуд, ки имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон дар асоси маълумоти намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2000-нафар шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо будубош доранд.
Дар рафти семинар масъалаҳо оид ба ваколати Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҳуқуқии гурезаҳо, шаклҳои муҳоҷирати байналмилалӣ, тартиби муроҷиат оид ба гирифтани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолатҳои ҳуқуқии шахсони паноҳҷӯянда ва гуреза, инчунин, қоидаҳои будубоши шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои актуалӣ баррасӣ шуданд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...