Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШИНОСОИ КУРСАНТОНИ ФАКУЛТЕТИ №4 БО МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХИИ КИШВАР

251

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар ҳамин замина дар асоси фасли 3-юми банди 3.4. нақшаи кории таълимӣ-тарбиявӣ, куратории факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои таҳсили 2018-2019, рӯзи 12-уми апрели соли 2019 курсантони курси 3-юм таҳти роҳбарии кураторони гурӯҳҳои 301 Хокироев А.Ю., 302 Абдуллозода Н., 303 Ибрагимзода Ҷ. ва муовини сардори курс Сайфиддинов И. барои аз наздик шинос шудан ба Қасри овозадори таърихии Арбоб ташриф оварданд.

252

Дар даромадгоҳ корманди масъули қаср Додобоев Бахтиёр курсантонро пешвоз гирифта, дар маҷлисгоҳ ба курсантон аз таърихи бунёди қаср ва ёдгориҳои тахрихии он муфассал маълумот дод. Дар вақти суҳбат ба курсантон маълум гардид, ки қасри мазкур аз 16 сутун иборат буда намуди зоҳирии он ба биноҳои аврупоӣ монандӣ дошта, аз дохил пурра ба биноҳои миллии шарқиёна шабоҳат дорад, чунки пурра гаҷкорӣ карда шудааст.
Маҳз дар таърихи 16-уми ноябр дар давоми шонздаҳ рӯз, яъне аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қасри хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев баргузор гардида, он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд. Ҳамчунин ин Иҷлосияи таърихӣ заминаи мусоиде барои рушду нумӯи ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

253

Инак, мо шоҳиди он гаштем, ки санаи 16-уми ноябр барои тоҷикону тоҷикистониён рӯзи таърихӣ, рӯзи боборор ва шодиву сурур мебошад, чунки дигар санаҳои таърихӣ ба монанди таҷлили «Рӯзи Президент» ва ба истифода қарор додани чархи аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун низ ба ин рӯзи муборак рост меоянд.
Аз тамошои қасри овозадор курсантон таассуроти хотирмон ва ғизои маънавӣ гирифтанд.
Хокироев А.Ю., сардори кафедраи Фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...