Чорабинии бошукӯҳ ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ
Рӯзи 10 апрели соли 2019 қаламрави факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои идона дошт. Дар майдони сафороӣ устодон, омӯзгорон ва курсантони факултет ба ифтихори ҷашни 26-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон саф оростанд. Дар оғози ин чорабинии бошукӯҳ гурӯҳи байрақбардорон бо қадамҳои устувори низомӣ дар сафи аввали сафоростагон қарор гирифтанд. Сипас Суруди миллӣ мутантан садо дод.
Зимни сухани ифтитоҳӣ сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. ҳозиринро бо ҷашни 26-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба «Таърихи ташкилёбии қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Точикистон» баромад намуд.
Маҳз аз матонату қаҳрамонӣ, ғаюриву ҷасурӣ ва хизматҳои шабонарӯзию фидокорӣ афсарони Қӯшунҳои дохилӣ дар марҳилаҳои тақдирсози миллат аз озмоишҳо ва имтиҳонҳои ҷиддӣ бошарафона баромада, ба савганди касбии худ то охир содиқ монда, баҳри тинҷиву амнияти мардум ва таҳкими истиқлолияти кишвар тамоми ҳастии хешро бахшидаанд, ки дар солномаи таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин навишта мешаванд.
Дар баромади худ иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи ҳарбӣ-хизматӣ, полковники милитсия Собиров И.Ғ. қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо хотирнишон намуданд, ки асоси муваффақиятро дар Қувваҳои Мусаллаҳ тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ташкил медиҳад. Ватандӯстӣ бояд сифати ҷудоинопазир ва эҳсоси қалбии ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад. Ҳар фарди тоҷик Ватани маҳбубамонро бояд бо қалби худ дӯст доранд.
Имрӯзҳо бошад, ҳар як устод ва омӯзгор вазифадоранд, ки дар раванди тарбияи кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо риояи бечуничарои муқаррароти қонунгузорӣ, оинномаҳои ҳарбӣ, интизоми хизматӣ ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳоро таъмин намоянд.
Баромади хешро иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи ҳарбӣ-хизматӣ, полковники милитсия Собиров И.Ғ бо суханони табрикии устодон, омӯзгорон ва кулли курсантон ба анҷом расонид.
Дар идомаи чорабинӣ бо фармоиши сардори факултет як қатор курсантони гурӯҳи қӯшунҳои дохилӣ барои хизматҳои софдилона, интизоми намунавӣ ва зоҳир намудани малакаи баланди дониш бо «Раҳматнома» қадрдонӣ шуданд.
Ҷабборов Т., муаллими кафедраи
фанҳои ҳарбӣ-хизматии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия.