Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадрдонии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД

 243

Рӯзи 10-уми апрели соли 2019 дар Академияи Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии ВКД чорабинии тантанавӣ доир гашт. Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва ҳайати професорону омӯзгорон, курсантон, сарбозони қисми ҳарбии 5453-и баталиёни посбоникунандаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ иштирок доштанд. 
Ҳамчун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ бо сароидани Суруди миллӣ чорабинӣ ифтитоҳ ёфт.
Сардори Академия ВКД, дотсент, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ҳамагонро ба Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои дохилӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрик намуда, таъкид дошт, ки ҳифзи марзу бум, хизмат ба Ватан, таъмини волоияти қонун ва сулҳу субот қарзи фарзандии ҳар ҷавон аст, ки дар домони Модар-Ватан тарбия ва ба камол расидааст.
Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ 10-уми апрели соли 1993 таъсис ёфта, сипари боэътимод, такягоҳу муҳофиз ва ҳамқадаму ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Давоми 26 соли фаъолият афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилии ВКД вазифаи муқаддаси худро дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ содиқона ва сарбаландона иҷро намудаанд. Саҳми хизматчиёни қӯшунҳои дохилӣ дар баробари дигар низомиён дар таъмини амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу оромӣ ва тинҷиву осоиштагии мардуми кишвар назаррас буда, садоқатмандона ӯҳдадориҳои худро иҷро менамоянд.

2728

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ бо фармоиши сардори Академияи ВКД, дотсент, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ як қатор афсарону сарбозони қисми ҳарбии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин барои болидахотирии сарбозон роҳбарияти Академияи ВКД бахши фарҳангӣ ташкил намуда, аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастархони идона оростанд.
Шавкат Убайдуллоев, Саида Сафарова.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...