Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 26-солагии Рӯзи ташкилёбии Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

242

Рӯзи 9-уми апрели соли 2019, дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои олимони факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 26-солагии Рӯзи ташкилёбии Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон баргузор гардид.

Дар конфренсияи илмӣ-амалӣ бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров М.С. баромад намуда, доир ба мавзӯи ҷамъомади илми курсантон мизи мудаввар суханронӣ намуд. Номбурда ҳамчунин ба ҳозирин даъватшудагони конфренсияи илмӣ-амалиро шиносоӣ намуд. Сипас, суханро ба муаллими калони кафедраи фаҳои ҳарбӣ-хизматӣ, подполковники милитсия Исмоилзода О.Н. пешниҳод намуд.
Мавсуф баромад намуда, ҳозиринро мухтасар доир ба мавзӯи «Вазифаи қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» шинос намуданд. Аз ҷониби кормандон ва ҳозироне, ки дар ҷамъомади илмии курсантон ширкат доштанд, саволҳо пешниҳод карда шуданд, ки устод Исмоилзода О.Н. бо як маҳорати баланд ба саволҳо аз таҷрибаи бойи хеш посух дод.
Сипас, курсанти курси 2-юми гурӯҳи қӯшунҳои дохилӣ қаторӣ Раҳмонов Х. дар мавзӯи «Таърихи ташкилёбии қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.

74

Маърӯзаи номбурда низ бисёр пурмазмун буда, дар рафти он бо наворҳои видеоӣ оид ба фаъолияти ҳарбӣ-ҷангии хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ намоиш дода шуданд.
Ҳамин тариқ, конференсияи мазкур бисёр шавқовар, ҷолиби диққати кормандон ва курсантон буда, ба ҳамагон писанд омад.

Собиров И.Ғ.- и.в.Сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ-
хизматӣ факултети № 4 Академияи ВКД 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...