Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти амалии шунавандагони курси такмили ихтисос

241

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро лозим аст, ки дар мубориза ба муқобили ҷинояткорон ба қувваҳои солими ҷомеа бештар такя намоянд ва дар саросари мамлакат чунин муҳитеро ба вуҷуд оранд, ки ҷинояткор дар ягон ҷо худро ором ҳис накунанд».
Рӯзи 10-уми апрели соли 2019 дар раванди такмили донишҳои назариявӣ баҳри боз ҳам баланд бардоштани маҳорати касбии хеш кормандони оперативии шӯъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Суғд дарси навбатии амалиро аз фанни тайёрии оташфишонӣ роҷеъ ба мавзӯи «Таъинот, қисмҳои асосӣ ва маълумоти силоҳи ҷангии таппончаи Макаров» дар машғулиятгоҳи ба талабот ҳозирзамон ҷавобгӯйи «Тири электронӣ»-и факултет гузарониданд.
Дар ҷараёни ташкил ва гузаронидани ин машғулияти навбатии амалӣ бо кормандони оперативӣ доир ба мавзӯъ, мазмуни мухтасар ба таъинот, сохт ва вазифаи қисмҳои асосӣ, ҳолномаи ҷангӣ, тарзи оташкушоӣ аз силоҳи ҷангии таппончаи Макаров ва инчунин риояи қоидаҳои бехатарӣ дар вақти нигоҳ доштан, истифодаи ин намуди силоҳ бо пуррагӣ фаҳмонида дода шуд. Ҳамзамон дар ин машғулият шунавандагон аз наздик бо тарзи кори ҳар як қисмҳои он аз наздик шинос шуда, бо тариқи электронӣ аз таппончаи Макаров тирпарронӣ намуданд.

Қайд намудан бо маврид аст, ки дар дарси амалӣ ваколатдорони оперативии ШКҶ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, лейтенанти милитсия Абдуллоев У. ва лейтенати милитсия Аҳмадов Б. хеле фаъолона иштирок намуданд.
Дар идомаи ин машғулият шунавандагон ба саволҳои пешниҳод намудаи худ роҷеъ бо шарт ва доираҳои истифодаи силоҳи оташфишон, истифодаи силоҳи оташфишон ҳамчун чораи ниҳоӣ аз ҷониби кормандони милитсия ва кафолатҳои амнияти шахсии корманди мусаллаҳи милитсия мутобиқи моддаҳои 13, 15 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Собиров И.Ғ. - и.в.сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ-
хизматӣ , факултети №4 Академияи
ВКД ҶТ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...