Ташрифи меҳмонон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 2-юми апрели соли 2019 ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ироқ бо роҳбарии муовини сардори таҳқиқот генерал Босим Карим Мусо ташриф оварданд.
Меҳмононро иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Бухоризода М., сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., муовинони сардори Академияи ВКД, инчунин сардорони шуъбаҳо пешвоз гирифтанд.
Меҳмонон аз гӯшаи дастовардҳои илмӣ ва варзишӣ, намоиши караули фахрии курсантдухтарон, ҳамчунин ба қисмҳо ҷудо намудани силоҳи оташфишон ошноӣ пайдо намуданд.
Баъд аз он меҳмононро ба бинои маъмурӣ, синфхонаю полигонҳо ва толори варзишии Академияи ВКД муаррифӣ карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷаноби Босим Карим Мусо ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар Академияи ВКД ҳамчун ташкилоте, ки мутахассисони ояндаи мақомоти корҳои дохилиро тайёр мекунад, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд.
Ҷаноби Босим Карим Мусо роҳбарияти Академияро барои пазироии гарм арзи сипос намуда, умедворӣ баён намуд, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкории самарабахши байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ироқ устувор хоҳад шуд.
Дар охири вохӯрӣ аз номи Академияи ВКД ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД