Озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуд.
Тавре, ки Сарвари давлат зикр карданд, барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ 1 сол басанда нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Тибқи Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», аз моҳи феврал то 20-уми марти соли 2019 озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи вобаста ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» байни курсантон гузаронида шуд.
Озмуни мазкур санаи 26-уми марти соли 2019 ҷамъбаст гардида, аз ҷониби комиссияи салоҳиятнок ғолибон муайян карда шуданд:
1. Ҷойҳои якум – Раҳимзода М.И., курсанти курси 1, факултети № 2, мақола дар мавзӯи «Рушди соҳаи сайёҳӣ ва нақши он дар ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Саидова Тоҷинисо, курсанти курси 1, факултети № 2, мақола дар мавзӯи «Нақши занон дар ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ»;
2. Ҷойҳои дуюм – Ҷононаи Зикрулло, курсанти курси 1, факултети № 2, мақола дар мавзӯи «Деҳот ҳамчун инъикоскунандаи фарҳангу анъанаҳои миллӣ», Ҳабибзода Ҳакимҷон Тоҳирҷон, курсанти курси 4, факултети № 5, мақола дар мавзӯи «Мусоидати ҳунарҳои мардумӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ»;
3. Ҷойҳои сеюм – Исматова Миҷгона, курсанти курси 1, факултети № 2, мақола дар мавзӯи «Аҳамияти сайёҳӣ ва проблемаҳои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Мусоев Муслим, курсанти курси 2, факултети № 4, мақола дар мавзӯи «2019 – Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ».
Убайдулозода Фируза, ходими калони Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, подполковники милитсия