Иштироки мутахассисони Академияи ВКД дар он-лайн конференсияи байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тафтиши пешакӣ
Барои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи ҳамкорӣ бо донишкадаҳои пешқадами хориҷӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолият маҳсуб ёфта, танҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ тайёр намудани кормандони баландихтисосе, ки аз ӯҳдаи ҳалли вазифаҳои мубориза бар зидди ҷинояткории на танҳо маҳдуд, балки дар миқиёси байнидавлатӣ қобилиятдошта, мумкин аст.
Вобаста ба ин, дар ҷодаи ҳамкориҳои дуҷониба, мувофиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Уфа ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Нақшаи кории мақсаднок барои соли 2019, рӯзи 4-уми апрели соли 2019 мутахассисони Академияи ВКД дар он-лайн конференсия байналмилалии «Хусусиятҳои пешбурди тафтиши пешакӣ дар давраи муосири инкишофи мурофиаи ҷиноятии Россия» (Особенности производства предварительного расследования на современном этапе развития уголовного процесса в России», ки дар шаҳри Уфа баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур мутахассисони соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ из Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларуссия, академияи ВКД Россия дар шаҳри Нижний Новогород, Донишкадаи ҳуқуқшиносии Уралии ВКД Россия, Донишгоҳи ВКД Россия ба номи В.Я.Кикоти шахри Москва, инчунин профессорону омӯзгорони факултетҳои №№2 ва 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар чорабинии мазкур ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъолияти муфаттиш, масъалаҳои дар раванди мурофиаи ҷиноятӣ гирифтани маълумоте, ки сирри махфии қонунӣ дорад, проблемаҳои мустаҳкам будани мақомоти тафтиши пешакӣ ва дигар масъалаҳои мурофиаи ҷиноятӣ баррасӣ шуданд.
Дар он-лайн конференсия сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. бо маърӯза дар мавзӯи «Масъалаҳои тафтиши пешакие, ки ҳаллталабанд» (Вопросы предварительного расследования, требующие разрешения) баромад намуд. Баъд аз анҷоми маърӯза аз тарафи олимон ба маърӯзачӣ оид ба хусусиятҳои рафти тафтиш ва таҳқиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод шуданд.
Шуъбаи ташкили-илмӣ-ва табъу нашри
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон