Баргузории он-лайн конференсияи байналмилалӣ
Мутобиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Ростов-на-Дону, ки дар соли 2017 ба исмзо расида буд, санаи 29-уми марти соли ҷорӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Симои муосири корманди политсия» (Образ современного полицейского) дар режими он-лайн гузаронида шуд.
Дар он-лайн конференсия ҳамчунин, мутахассисон ва олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи ВКД Россия дар шаҳри Москва ба номи В.Я. Кикот ва Академияи идоракунии ВКД Россия иштирок доштанд.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Ростов-на-Дону оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Пахомов Сергей Валеревич баромад намуд.
Аз номи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори он-лайн конференсия муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД, полковники милитсия Б.С.Асламов бо маърӯза дар мавзӯи «Симои этикӣ-маънавии политсияи муосир» (Морально-этический облик современного полицейского) ва дотсенти кафедраи назарияи идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, номзади илмҳои ҳуқуқ, капитани милитсия Мирзорустамов М.М. дар мавзӯи «Усулҳои ташаккули симои мусбии кормандони политсия дар фаҳмиши ҷамъиятӣ» (Методы формирования положительного образа полицейского в общественном сознании (зарубежный опыт)) баромад намуданд.
Дар кори конференсия инчунин дигар омӯзгорону мутахассисони Академияи ВКД ширкат варзиданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон