Боздиди курсантон аз қадимтарин мавзеи таърихии кишварамон Қалъаи Ҳисор
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар гардонии сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар, бо роҳбарии омӯзгорони Академияи ВКД полковники милитсия Убайдуллозода Ш., подполковники милитсия Ирматов Т. ва куратори гурӯҳи таълимии №108 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Назруддинов М.З., инчунин бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва баланд бардоштани савияи маърифати фарҳангии курсантон, дар таърихи 31-уми марти соли 2019 онҳо ба тамошои яке аз зеботарин ва қадимтарин мавзеи таърихии кишварамон Қалъаи Ҳисор сафарбар гардиданд.
Пеш аз ҳама онҳо аз таърихи бунёди қалъа ва фарҳанги мардуми тоҷик дар гузашта ошноӣ пайдо намуданд. Диққати курсантонро бештар санъати меъмории қалъа, ки бо як маҳорати баланд сохта шуда буд, ҷалб намуд. Аз ҷумла, онҳо аз Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии шаҳри Ҳисор», боздид намуда, ба худ як ҷаҳон таассуроти нек бардоштанд.
Назруддинов М. З., Саида Сафарова.