Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Базми шеъри Хайрандеш дар Академияи ВКД

223

Рӯзи 4-уми апрели соли ҷорӣ дар толори фарҳангии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Ку шеър, ки тар шавад, дили Хайрандеш» бо иштироки шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш (Қурбонов Хайриддин Шарифович) ва ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Сафаров баргузор гардид.

Бояд зикр намуд, ки дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ пайваста вохӯриҳои судманд бо иштироки шоирону нависандагон, олимони соҳаҳои мухталиф, устодони санъати асили Тоҷикистон, собиқадорони меҳнат ва афроди баруманди ҷумҳуриямон баргузор мегардад. Маҳфили шеъру тарона бо қироати шеърҳои устод Хайрандеш аз ҷониби курсантони Академияи ВКД оғоз гардид. 

4041

Сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. дар суханронии хеш қайд намуд, ки дунёи бекаронаи андешаи қаҳрамони лирикии шоирро содадилӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва махсусан, дарёдилии одамони оддӣ ташкил додаанд ва розҳои ногуфтаи онҳо бо нармию нозукӣ, бо таъбирҳои ҷаззоби рӯҳнавози мардумӣ пай дар пай иброз мегардад… 

Иштирокчиёни маҳфили пуршукӯҳ аз ашъори Хайрандеш шеърҳо қироат карда, ба саволҳои сершумори хеш ҷавобҳо гирифтанд. 

Маҳфили Хайрандешро дар Академияи ВКД устоди санъати тоҷик Ҷумъахон Сафаров бо сурудҳои пурмазмуни хеш, ки аз матнҳо ба қалами устод Хайрандеш тааллуқ доранд, боз ҳам нуру ҷиллои тоза бахшид. 

42

Дар фарҷом сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба устодон Хайрандеш ва Ҷумъахон Сафаров медалҳои «25-солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тақдим намуд. 

Барои устоди фарзона Хайрандеш тавфиқоти рӯзафзун ва истиқрори хадамоти фарҳангӣ орзу мекунем ва умедворем дарахти пурбаргу бори вуҷудашон ҳамвора чатри шукуфа бар сар кашад. 
Азизаи Давлатшоҳ, Гул Маҳбуба.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...