Қадршиносии волидони курсантон дар Академияи ВКД
Санаи 30-юми марти соли 2019 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими бо Сипоснома қадрдонӣ намудани волидони курсантоне, ки санаи 14-15-уми марти соли равон дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва Ифтихорномаҳои Академияи илмҳо гардида, мақоми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро миёни 27 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баланд бардоштаанд, баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Академияи ВКД миннат-дории самими хешро барои тарбия ва камолоти чунин фарзандони ифтихорманди Академия, Вазорати корҳои дохилӣ ва умуман ҷомеаи Тоҷикистон иброз намуда, ба волидони курсантон Сипосномаҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳайати роҳбарият, профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани ша-роити ҷавобгӯи сатҳи ҷаҳонии таълим барои курсантону шу-навандагони Академияи ВКД руҳбаланд гардида, пайваста кӯшиш менамоянд, ки кадрҳои содиқу вафодор ва ҷавобгӯи талаботи имрӯзи ҷомеаро тарбия намоянд.
Ҳамзамон, зикр намудан зарур аст, ки раванди таълиму тарбия дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи пайвастаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дошта, ҷараёни таълим бошад дар сатҳи талаботи стандарти давлатии таълим ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо роҳбарият, ҳайати профессорон ва омӯзгорони Академияи ВКД ифтихор аз он доранд, ки шогирдони онҳо дар аксар озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, алалхусус олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ширкати фаъол намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида истодаанд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба курсантони ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла курсанти курси 4-уми факултети №2 сержанти милитсия Раҷабов Сино Муҳаббатулоевич (бахши ҳуқуқшиносӣ), курсанти курси 2-юми факултети №5, Сафаров Лутфулло талабшоевич (бахши математика), ки бо гирифтани ҷои сеюм сазовор гардидаанд, инчунин, курсанти курси 1-уми факултети №2 Қодирова Сабрина Вайсиддиновна (бахши таърихи халқи тоҷик), курсанти курси 4-уми факултети №2 Ҷалматов имрон Гулмуродович (бахши сиёсатшиносӣ), курсанти курси 1-уми факултети №5 Шарипов Анис Илҳомҷонович (бахши технологияҳои иттилоотӣ), курсанти курси 1-уми факултети №5 Абдумаликов Абдураҳим Садриддинович (бахши физика) сухан дода шуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки дар оянда низ кӯшиш менамоем, то номбардори мақоми баланди номи милитсияи тоҷик бошем ва ба миллату давлат содиқона хизмат намоем.
Волидони курсантони зикргардида низ миннатдории самимии хешро ба сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, инчунин омӯзгорони Академияи ВКД, ки дар тарбияи фарзандони онҳо саҳми бориз доранд, сидқан иброз намуданд.
Самиъзода Б.С., Шокирзода Т.Г., Сафаров О. - омӯзгорони Академияи ВКД