Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳалталаб оид ба такмили тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ”

219

Мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва дигар ташкилоту муассисаҳо шакл ва тарзҳои таблиғи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар байни гурӯҳҳои аҳолӣ аз нигоҳи синну сол, касб ва вазъи иҷтимоӣ муайян намуда, варзишро ҳамчун қосиди сулҳ ва аҳамияти иҷтимоии тарбияи ҷисмонӣ, нақши он дар солимгардонии миллат, дар мубориза бар зидди ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла кашидани тамоку, нашъамандӣ, майзадагӣ, инчунин пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ғайраро шарҳ медиҳанд.

Вазорати корҳои дохилӣ ва Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чораҳоеро татбиқ менамояд, ки онҳо ба такмили саломатӣ ва баланд шудани дараҷаи тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ равона карда шудааст.

Бинобар ин кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ - тадқиқотӣ, дар моҳи марти соли 2019, мизи мудаввар дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳалталаб оид ба такмили тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба нақша гирифта, баҳри иҷрои нақшаи мазкур, санаи 29-уми марти соли 2019, бо даъвати кормандони ШК ва КҲШ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва бо иштироки кормандон ва курсантони факултети №4, ташкил ва гузаронида шуд.

220221

Имрӯз, дар қатори дигар масъалаҳои муҳим, масъалаи такмили тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.
Доир ба ин масъала аз тарафи муовини сардори ШК ва КҲШ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Шарифов И.Р. ба иштирокчиёни мизи мудаввар як маърӯзаи пурмазмун доир ба проблемаҳои ҳалталаб ва роҳҳои хуби такмил додани тайёрии ҷисмонӣ дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б. дар мавзӯи «Тадбирҳои такмили тайёрии ҷисмонӣ дар факултети №4 ва роҳҳои беҳтар намудани он», бо намоиш додани наворҳои видеоӣ, ба ҳозирин пешкаш карда шуд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар иштирокчиён низ ниҳоят фаъол буда, баҳсу музокираҳои пурмазмун доир гардид.
Ҳамин тариқ, мизи мудаввари мазкур бисёр шавқовар гузашт, ки ба кормандон ва курсантон ниҳоят писанд омад.
Муҳаммадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...