Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии муфиди шунавандагони факултети №1 бо курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

217

Дар асоси иҷрои нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, баҳри баланд бардоштани корҳои тарбиявӣ, сифати таълиму тарбия, савияи дониш, малака, интизом, муносибат ва муошират байни омӯзгорон, курсантон ва шунавандагони Академия, санаи 29 марти соли равон вохӯрии курсантони факултети №2 бо шунавандагони факултети №1 дар толори хурди маҷлисгоҳи Академияи мазкур баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ сардори факултети №1, н.и.ҳ., полковники милитсия Нозиров Н.А., сардори факултети №2, н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш., кормандони ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо таври ғоибона дар факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, иштирок доштанд.
Нахуст вохӯриро сардори факултети №1, н.и.ҳ. полковники милитсия Нозиров Н.А. кушода иброз намуд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академия ба раванди таълиму тарбия, интизоми хизматӣ дар Академияи ВКД таваҷҷуҳи хоса ва ғамхории пайваста зоҳир менамоянд.

218

Дар вохурӣ Хайруллозода М.Х. ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими РМЗГҒММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Ҳасанзода Ҳ.Ҳ. муовини сардори шуъбаи РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара, майори милитсия Сабурзода М.М. муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб, капитани милитсия Ҳусейнзода Ҳ.С. сардори ШКҶ ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур, баромад намуда, аз таҷрибаи кории худ ба курсантон маълумоти муфассал доданд. Ҳамчунин курсантонро барои хониши хубу аъло, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва хизмати софдилона ба халқу Ватан даъват карданд.
Дар рафти вохӯрӣ гуфтугӯи озоди курсантон бо шунавандагон баргузор гардид.
Шавкат Убайдулоев, Саида Сафарова.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...