Омӯзиши Кодекси одоби касбии корманди милитсия
Дар асоси иҷрои саривақтии Нақша-чорабиниҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Академияи мазкур аз 14 январи соли 2019 омӯзиши Кодекси одоби касбии корманди милитсия бо ҳайати шахсии факултети №5 ба роҳ монда шуд.
Нахуст вохӯриро муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Собирзода А.Ҷ. кушода, чунин таъкид намуд, ки рӯз то рӯз шароити таҳсил дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар шуда истодааст. Аз ҷумла, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Академия бо тамоми шароити ҷавобгӯи талаботи замон сохта ба истифода дода шуд, ки ин моро водор месозад тамоми саъю кӯшиши худро ба хизматӣ софдилона ва хониши хубу аъло равона намоем.
Ҳамчунин ӯ қайд намуд, ки дуруст роҳнамоӣ кардани ҷавонон ва пешгирии шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз оила, мактабу маориф ва хулоса аз тамоми қишрҳои ҷомеаи мо вобастагӣ дорад. Барои ин мо бояд ҳама яктану якҷон бошем. Ва аз шароите, ки истиқлолият бароямон фароҳам овардааст, барои худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ, барои пешрафти Ватанамон босамар истифода барем ва баҳри ҳифзи ҳар порча хоки Ватани азизамон агар лозим шавад ҷони худро дареғ надорем.
Сипас вобаста ба расонидани талаботи Кодекси одоби касбии корманди милитсия сухан ба сардори шуъбаи кадр ва кор бо ҳайати шахсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Абдуллозода А.Ё. дода шуд. Номбурда қайд намуд, ки Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия, мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст. Амали Кодекси мазкур ба тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки мансаби давлатиро мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамоянд, паҳн мегардад. Ҳамзамон баромадкунанда вобаста ба принсипҳои асосии одоби касбии кормандони милитсия, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия, тартиби ташкил ва фаъолияти Комиссия оид ба одоби касбӣ ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботҳои Кодекси одоби касбии кормандони милитсия суханронӣ намуд.
Баъдан сардори факултети №5, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ. баромад намуда, чунин қайд кард, ки дар баробари Кодекси одоби касбии кормандони милитсия Фармони ВКД аз 1 январи соли 2006 таҳти №1 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомотҳои корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» ба тавсиб расонида шудааст, ки тибқи он бояд ҳар як корманд намояндаи ҳокимият мебошад ва вазифадор аст, ки дар ҳар лаҳза ба шахси дар мусибат афтода дасти ёрӣ дароз кунад, дағалӣ, беодобӣ, беэътиноӣ ба талаботи қонун ва ахлоқи ҷамъиятӣ, ки аз ҷониби ӯ зоҳир меёбанд, шаъни ин ҳокимиятро доғдор месозанд, роҳ надиҳад.
Ҳамзамон ӯ иброз намуд, ки ҳар яки мо бояд талаботи Кодекси одоби касбии кормандони милитсия, Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2005 таҳти №137, Оинномаи интизомии МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2006 таҳти №666 ва Оинномаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоем.
Дар охири чорабинии мазкур курсантон ба саволҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
М.Нуруллозода, Ш.Убайдуллозода,
С.Сафарова кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон