Мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»
Рӯзи 28-уми марти соли 2019 дар асоси фасли 4 нақшаи фаъолияти илмӣ – тадқиқотии факултети №4-уми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси ҷамъияти илмии курсантон «Пайгир»-и кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» бо ҷалби кормандони амалия ташкил ва баргузор карда шуд.
Мизи мудавварро муовини сардори факултет оид ба таълим ва илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров Меҳриддин Садриддинович бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, ба ҳайати шахсӣ ва курсантон меҳмононро муаррифӣ намуд.
Дар мизи мудаввари мазкур капитани милитсия Холмуҳаммадзоди И.Қ. ваколатдори оперативии ШКҶ ШВКД Ҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Ғафуров, лейтенанти милитсия Абдухалилзода А. ваколатдори оперативии ШКҶ ШВКД Ҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Ғафуров ва лейтенанти калони милитсия Боқизода Х. ваколатдори оперативии ШКҶ ШВКД Ҷумҳури Тоҷикистон дар н.Шаҳристон иштирок намуданд.
Сипас аз рӯи барномаи мизи мудаввар капитани милитсия Холмуҳаммадзоди И.Қ., ваколатдори оперативии ШКҶ ШВКД Ҷумҳури Тоҷикистон дар н.Б.Ғафуров, дар мавзуи «Танзими сирри даватӣ дар фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ тавассути Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ», баромад намуда ба курсантон доир ба чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ нақл намуда, мисолҳо аз амалӣ оварда шуд.
Баъдан муаллими калони кафедраи ФОҶ подполковники милитсия Комилзода Зариф Комил дар мавзуи «Мафҳумҳои асосии сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ» ва курсанти курси чоруми ҳамин факултет, сержанти милитсия Давлатзода М. дар мавзӯи «Танзими сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ тавассути дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», баромад намуданд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар саволу ҷавоб баргузор гардида, курсантон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Дар мизи мудаввар омӯзгорону курсантони факултет фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамин тариқ, мизи мудавварро муовини сардори факултет оид ба таълим ва илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров Меҳриддин Садриддинович пӯшида гуфта эълон намуд.
Раҳмонӣ Х.А., муаллими кафедраи ФОҶ, лейтенанти калони милитсия.