Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари машваратӣ-илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши кормандони МКД оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила»

212

Рӯзи 28-уми марти соли 2019 аз тарафи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, профессорону омӯзгорон, «Шӯрои роҳнамо»-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти илмии курсантон «Ҳомии тартибот»-и кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши кормандони МКД оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила» семинари машваратӣ – илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. 

17

Семинарро бо сухани муқаддимавӣ муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А. оғоз намуд. 
Дар семинар сардори шуъбаи гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Акобирова Ҷавоҳир Зиёратшоевна, устоди Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., Хайруллоев Фаррух Сайфуллоевич, муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич, нозири пешгирии зӯроварӣ дар оилаи ШВКД – 2 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муродалиева Манзура, сардори кафедраи ҳуқуқи граждании факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Абдулвоҳид Абдулаҳадович, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Ғафурзода Далер Азалшо ва омӯзгорону курсантон ширкат намуданд. 
Дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила аз нигоҳи арзишҳои олии дини ислом», муовини сардори Академия, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ, дар мавзӯи «Таҳлили мухтасари вазъи зӯроварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти мақомоти милитсия дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» Хайруллоев Фаррух Сайфуллоевич, дар мавзӯи Фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила» Акобирова Ҷавоҳир Зиёратшоевна, дар мавзӯи «Саҳми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули мавқеи зан - модар дар ҷомеа Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич, дар мавзӯи «Моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» Муродалиева Манзура, дар мавзӯи «Масоили ҳимояи ҳуқуқҳои иқтисодии аъзоёни оила», дар мавзӯи «Амрномаи муҳофизатӣ ҳамчун чораи пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила» Ғафурзода Далер Азалшо, баромад намуданд.

Шарифзода П.Р., Саида Сафарова.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...