Вохурии муфиди курсантони факултети №2 бо шунавандагони факултети №3 Академияи ВКД
Дар асоси иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, баҳри баланд бардоштани корҳои тарбиявӣ, сифати таълиму тарбия, савияи дониш, малака, интизом, муносибат ва муошират байни омӯзгорон, курсантон ва шунавандагони Академия, санаи 28- марти соли равон вохурии муфиди курсантони факултети №2 бо шунавандагони факултети №3 баргузор гардид.
Дар вохурии мазкур сардори факултети №2 н.и.ҳ. полковники милитсия Ализода А.Ш. сардори факултети №3 н.и.ҳ. майори милитсия Амрудинзода М. А. ва ҳайъати профессорону омӯзгорон ширкат варзиданд. Нахуст вохуриро сардори факултети №2 н.и.ҳ. полковники милитсия Ализода Алиҷон кушода иброз намуд, ки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба раванди таълиму тарбия, риояи қатъии оиномаҳо, интизоми хизматӣ дар Академияи ВКД таваҷуҳи хоса ва ғамхории пайваста зоҳир менамоянд. Чунин вохуриҳо имкон медиҳад, ки Академияи ВКД яке аз муассисаҳои олии намунавии Ҷумҳурӣ табдил ёфта, дастовардҳои навро дар таълим, илм, варзиш, фарҳанг ва хизматӣ ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ соҳиб гардад.
Аз он нигоҳ, ки шунавандагони факултети №3 дар амалияи мақомоти ҳифзи хуқуқ ширкат меварзанд ба курсантони факултети №2 дар бораи интихоби касб, нуфузу обу руи милитсия дар ҷомеъа, шароитҳои кори ва рафти хизмат дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ маълумотҳои муфассал дода курсантонро ба дустию рафоқат, Ватандусти илм омӯзи даъват намуданд. Сипас, гуфтугӯи озоди курсантон бо шунавандагон баргузор гардид, ки бо саволу ҷавоб анҷомид.
Асламов Б., Саида Сафарова.