Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Наврӯз - Иди миллии тоҷикон»

208

Дар асоси фасли 4-уми Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2018-2019 оид ба Нақшаи гузаронидани конференсияҳои илмӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар барои ҷамъиятҳои илмии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27-уми марти соли 2019 аз тарафи кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷамъияти илмии курсантон, маҳфили «Ориён» таҳти унвони «Наврӯз – Иди миллии тоҷикон» мизи мудаввар, бо иштироки меҳмонон ва собиқадорони меҳнат полковники мустаъфӣ Абдураҳмонов И.Н. ва сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос полковники милитсия Абдулатипов У.Ҳ. гузаронида шуд. Маҳфилро сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия Хокироев А.Ю. бо сухани табрикотӣ ҳусни оғоз бахшид.

209210

Сипас аз рӯӣ барномаи мизи мудаввар маърӯзаи устоди кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултет, лейтенанти милитсия Самадзода И.А. дар мавзӯи «Аз таърихи пайдоиши Наврӯз» маърӯза намуда, бо курсантон саволу ҷавобҳо гузаронида шуд, ки дар натиҷа иштироккунандагон доир ба мавзӯи мазкур ғизои маънвӣ гирифтанд.
Баъдан курсантони бахши 1-ум, аъзоёни маҳфили «Ориён» Холов М. дар мавзӯи «Наврӯз ҷашни аҷдодии мо» ва Эшонқули У. дар мавзӯи «Ҳафтсин ва ҳафтшини наврӯзӣ» маърӯза намуданд.
Инчунин аз тарафи курсантдухтарон Каримова М., Насризода А., Фахриддинзода Г. шеърҳо дар васфи наврӯз қироат карда шуданд, ки бахши адабии маҳфилро ташкил дод.
Ниҳоят аз тарафи муовини сардори факултети №4 оид ба таълиму илм, подполковники милитсия Ғафуров М.С. ба тамоми иштирокчиён ва аъзоёни маҳфил бо суханҳои табрикотию сипосгузорӣ кори маҳфил ҷамъбаст карда шуд.
Самадзода И.А., муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, лейтенанти милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...