Нақши нозири минтақавии милитсия ҷиҳати баамалбарории тартиботи ҷамъиятӣ дар замони муосир
Санаи 26-уми марти соли 2019, дар толори маҷлисгоҳи факултети №4-уми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши нозири минтақавӣ дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ» баргузор гардид.
Мизи мудавварро муовини сардори факултет оид ба таълим ва илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров Меҳриддин Садриддинович бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуд.
Сипас аз рӯи барномаи мизи мудаввар сардори Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар ш.Хуҷанд, майори милитсия Сафаров Абдурауф, дар мавзӯи «Фаъолияти нозири минтақавии милитсия дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ» баромад намуда ба курсантон доир ба фаъолияти нозири минтақавии милитсия нақл намуда, ба саволҳо ҷавоб дод.
Баъдан муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ майори милитсия Абдусатторзода Насимҷон Абдусаттор дар мавзӯи «Чорабиниҳои профилактикии нозири минтақавии милитсия дар минтақаи маъмурӣ» баромад намуда, бо курсантон саволу ҷавобҳо намуд.
Ҳамчунин аз ҷониби курсанти курси чоруми ҳамин факултет, сержанти милитсия Давлатзода Муродҷон дар мавзӯи «Таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ аз тарафи нозири минтақавии милитсия дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ» баромад кард.
Дар мизи мудаввар омӯзгорону курсантони факултети мазкур фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамин тариқ, мизи мудавварро муовини сардори факултет оид ба таълим ва илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров Меҳриддин Садриддинович пӯшида гуфта эълон намуда, ба ҳозир барои иштироки фаъолона изҳори сипос кард.
Абдуллозода Д.А.