Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД

196

19 марти соли 2019, бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятии факултети №4 ва бо дастгирии Дафтари намояндагии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд Нуруллоҳ Ҳомидов, дар факултети №4 Академияи ВКД конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон оиди ҷавобгарӣ барои иштирок дар фаъолияти ҳаракатҳои экстремистӣ» гузаронида шуд.

197

Дар он Роҳбари Дафтари намояндагии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд Н.Ҳомидов., дар мавзӯи «Баъзе муаммоҳои терроризм ва экстремизм дар замони муосир», сардори кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқи факултети №2 Академияи ВКД н.и.ҳ. подполковники милитсия Сафарзода Ҳ.С., дар мавзӯи «Таҳдидҳои муосири экстремизм-терроризми байналмилалӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо», майори милитсия Муҳарамов Ф., дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси мубориза бар зидди экстремизм-терроризм аз ҷониби субъектҳои муборизабаранда», сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ, подполковники милитсия Хушвахтзода Х.Х., дар мавзӯи «Ҷанбаҳои таърихии пайдоиши экстремизм ва терроризм», сардори кафедраи ҳуқуки маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, полковники милитсия Муллобоев М.Р., дар мавзӯи «Муҳоҷирати меҳнатӣ ва воридшавии ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротгаро, сабабу шароитҳои он», дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ, подполковники милитсия Мақсадзода О.И., дар мавзӯи «Мафҳум ва моҳияти моддаҳои тарканда, моддаҳои кимиёвие, ки барои истеҳсоли маводҳои тарканда истифодашаванда, истеҳсол, коркард, интиқол ва фурӯши онҳо таҳти назорат қарордошта» баромад намуданд.

198

Дар ҷамъбасти конференсия аз ҷониби иштирокдорон як қатор таклифу пешниҳодҳо қабул карда шуд.
Муаллими кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ,
лейтенанти калони милитсия Хайруллозода Л.М.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...