Ҷаҳду ташаббусҳои Пешвои миллат дар ҷаҳонигардонии Наврӯз
«Баъд аз соҳибистиқлолии кишварамон Наврӯз эҳё гардид,мақоми хосаро пайдо намуд
ва аз ҷашни мардумӣ то сатҳи ҷашни давлатӣ ва байналмилалӣ эътироф гардид»
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Аз рӯзҳои аввали фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсии хеш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили эҳёи фарханг, забон ва таърихи миллат таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамуданд. Пешвои миллат ҷидду ҷахд менамуданд, ки фарҳанги волои қадимаи тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Дар тӯли солҳои истиқлолият сиёсати фарҳангии Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррас соҳиб гашта, суннатҳои миллиро эҳё намуд.
Дар замони Шуравӣ Наврӯз ҳамчун иди умумимиллӣ аз ҷониби давлат чандон эътироф намешуд. Аввалин қадамҳо дар ин роҳ дар тӯли солҳои Исиқлолият гузошта шуда, Наврӯз иди расмии давлатӣ эълон гардида, бо шукӯҳу шаҳомати хос дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта шуд. Ба Наврӯз аз ҷашни Сада 50-рӯз боз тайёрӣ дида, онро дер интизор мешуданд, тараддуд медиданд, чун рамзи наврузӣ суманак мегузошанд ва Соли нави аҷдодиро бо шодию тараби бепоён истиқбол менамуданд.
Ҳавзаи Наврӯз сол то сол васеъ мегашт, ин равандро Пешвои миллат дарк ва эҳсос намуда, ба Академияи илмҳо, зиёиён, Вазорати фарҳанг дастур доданд, ки асоснокиро дар бораи ҷаҳонигардонии Наврӯз омода намоянд.
Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони байналмилалии илм ва фарҳанг ЮНЕСКО асоснокии илмӣ-таърихӣ фиристода шуда, ба ин ташаббуси Тоҷикистон давлатҳои ҳавзаи Наврӯз Озорбойҷон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон ва дигарон ҳамроҳ гардиданд.
Хушбахтона, ташаббуси Тоҷикистон ва ин кишварҳо аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шуда, сентябри соли 2009, Наврӯз ба рӯйхати мероси ғаримоддии башарият ворид гардида, охири феврали соли 2010 дар Ҷаласаи 64-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз иди байналмилалӣ ва рӯзи 21-март рӯзи истироҳат эълон гардид. Наврӯзро дар идораи Котиботи САҲА баҳори соли 2011, ҳамчун Иди байналмилалӣ ботантана ҷашн гирифтанд. Аммо мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки ватани Наврӯз Тоҷикистон аст ва маҳз бо ҷахду талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ҷаҳонӣ гашт.
Б.С.Асламов,Самиъзода Б.С., омӯзгорони Академияи ВКД ҶТ