Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолнокии курсантон дар мусобиқаҳои варзишӣ

193

Чун дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар Академияи ВКД низ ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни курсантону устодони ҷавон таваҷҷӯҳи ҳамаҷониба дода мешавад.

Ҳамин аст, ки дар ин муассисаи таълимӣ пайваста чорабиниҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба каратэ-кёкушинкай «Сэйкен Сёбу», ки рӯзи 17-уми март дар Академияи мазкур баргузор гардид, теъдоди зиёди намояндагони ин навъи варзиш на танҳо аз навоҳии ҳудуди пойтахт, балки аз дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ иштироки фаъол намуданд.

71727374

Дар ин чорабинӣ, ки ба муносибати фарорасии Наврӯзи оламафрӯз бо ташаббуси Академияи ВКД ва Федератсияи каратэ-кёкушинкайи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ҷавонону курсантони синни аз 18-сола боло дар вазнҳои аз 55 то зиёда аз 90 кг бо ҳам рақобат намуданд.

74

Рафти сабқатҳоро доварони ботаҷрибаи ин риштаи маъмули варзиш назорат карда, ғолибони он бо медалҳо, Сипосномаву Ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои идона сарфароз гардонида шуданд.

Ш. Убайдуллоев

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...