Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истифодаи самаранок аз рӯзҳои баҳорӣ

194

Дар маъракаҳои кабудизоркуниву ободоние, ки ҳар рӯзи шанбе дар Академияи ВКД гузаронида мешаванд, роҳбарият ва ҳайати устодону курсантони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолнокӣ нишон медиҳанд.
Аз ҷумла, бо ташаббуси онҳо дар ҳудуди Академияи мазкур теъдоди зиёди ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуданд.
Ҳамчунин, бо фаро расидани мавсими киштукори баҳорӣ, бо саъю кӯшиши дастаҷамъона, устодону курсантони Академия дар заминҳои ёрирасони худ дар масоҳати 37 сотих беш аз 1300 кг картошкаи тухмӣ кориданд. Ҳамзамон, дар масоҳати 9 сотихи дигар сирпиёз дар ҳоли нашъунамо қарор дорад, ки тибқи нақша бояд аз он ҳосили фаровон рӯёнида шавад.
Ногуфта намонад, ки имсол дар баробари дигар корҳои хоҷагидорӣ, аҳли омӯзгорону курсантони Академияи ВКД гармхонаҳо бунёд кардаанд, ки дар онҳо ниҳол ва гулу буттаҳои гуногуни ороишӣ парвариш карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки бо фарорасии баҳори фархундапай аҳли устодону курсантони ин даргоҳи илму маърифат аз ҳар рӯзи ин фасли эҳёшавии табиат самаранок истифода бурда, ҳамарӯза ба корҳои ободонию созандагӣ машғул мебошанд.
Ҳамин аст, ки онҳо гирду атрофро тозаю озода намуда, ҳудуди Академияро ба як гулзори ҳақиқӣ табдил додаанд.

У. ОЛИМ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...