Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо курсантдухтаронамон ифтихор дорем!

185

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бори дигар ба мавқеи занон дар инкишофи ҷомеаи муосири Тоҷикистон таъкид карда шуд. «Мо минбаъд низ мақоми занро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем», - зикр намуданд Пешвои миллат.
Дар ҳамин асос, баҳри иҷрои ҳидоятҳои Роҳбари давлат, бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои истиқболи меҳмонони олиқадр ва гузаронидани маросимҳои тантанавӣ, аз ҳисоби 21 нафар курсантдухтарони факултетҳои №2,5,6 дар Академияи ВКД қаровули фахрӣ таъсис дода шуд.

186187

Бо супориши сардори Академия, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ба қаровули фахрӣ корманди ин таълимгоҳ, лейтенанти хурди милитсия Исфандиёр Аскарзода роҳбарӣ менамояд.
Бояд гуфт, ки Исфандиёр Аскарзода баъди адои хизмати ҳарбӣ ба Академияи ВКД барои идомаи хизмат омад. Дар ин муддат ба зиёда аз 100 нафар курсантон усулҳои сафороӣ, санъати кор бо силоҳу шамшер ва дигар нозукиҳои санъати ҳарбиро омӯзонида, дар тарбияи маънавию ватандӯстии онҳо саҳми муносиб гузоштааст.

188

Курсантдухтарони қаровули фахрии Академияи мазкур бо либосҳои шинаму зебои корманди милитсия бо маҳорати баланд бо силоҳ дар даст ҳунарнамоӣ карда, дили меҳмононеро, ки ба ин даргоҳи илму маърифат ташриф меоранд, бо ин навъи санъати волои ҳарбӣ ва малоҳату назокати эстетикӣ тасхир менамоянд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозист.
Б. Асламов,
Ш. Убайдуллоев

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...