Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарафи одамӣ аз илм бошад

184

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бори 7-ум аст, ки Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 14-15 марти соли 2019 баргузор гардид.
Маққсади асосии баргузории Олимпиадаи мазкур, пеш аз ҳама - ин баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир ва инчунин, муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд, бо мақсади дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.

180

Тибқи талаботи «Низомномаи олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», олимпиадаи мазкур, ки аз рӯйи 13 соҳаи илм (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ) гузаронида шуд ва дар он донишҷӯёни курсҳои 1–5-уми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок кардаанд.

181

Бояд зикр намуд, ки даври якуми Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Академияи ВКД моҳи феврал баргузор гардида, 1 нафарӣ ғолибон аз ҳар як соҳаи илм барои иштирок дар даври ниҳоӣ, ки дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, пешниход карда шуданд.
Дар Олимпиадаи мазкур 248 донишҷӯён аз 27 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар баробари донишҷӯёни мазкур курсантони Академияи ВКД низ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Аз ҷумлаи онҳо курсанти курси 4-уми факултети № 2, сержанти милитсия Раҷабов Сино Муҳаббатуллоевич (бахши «Ҳуқуқшиносӣ») ва курсанти курси 2-юми факултети № 5 Академия, милитсияи қаторӣ Сафаров Лутфулло Талабшоевич (бахши «Математика») ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф шуда, бо дипломи дараҷаи 3-юм қадрдонӣ карда шудаанд. Инчунин, курсанти факултети № 5 Абдумаликов Абдураҳим Садриддинович барои иштироки фаъолона дар бахши «Физика» ба Ифтихорномаи Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз 5 курсанти Академияи ВКД бо Ифтихорномаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуданд.

182183

Бояд қайд кард, ки аз ҷониби роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони Олимпиада имтиёз дар намуди дохил шудан ба зинаҳои магистратура ва докторантура PhD дода мешавад.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Академияи ВКД ғолибон ва иштирокчиёни худро, ки дар Олимпиада фаъолона ширкат варзиданд, табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар корҳои таълимӣ ва илмии минбаъдаашон комёбиҳои беназир таманно намуда ба Ватан ва халқи худ содиқ буданро изҳор менамоянд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...