Баргузории шанбегӣ дар арафаи таҷлили Наврӯз дар факултети №3 Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар асоси супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар арафаи таҷлили байналмиллалии Наврӯз дар факултетҳо, аз ҷумла факултети №3 (таҳсили ғоибона) бо иштироки роҳбарият ва кормандони он шанбегӣ гузаронида шуда, як қатор корҳои ободонӣ, шинондани сабзаҳои ороишӣ, гулу буттаҳо, тозакунии атрофу роҳравҳҳо ,рангуборкунии бинои таълимӣ ба анҷом расонида шуд.
Дар кори шанбегӣ сардори факултети №3 номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Амрудинзода Меҳриддин, кормандони қисми таълимии факултет, омӯзгорони кафедраи такмили ихтисос ва фаннҳои муҳандисӣ- техниқӣ фаъолона ширкат намуда, саҳми муносиби худро ба истиқболи Наврӯзи Аҷам гузоштанд.
Ҳалимзода Д.Д.