Баргузории мизи мудаввар бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Академияи ВКД
Санаи 15 – уми марти соли 2019 дар Академияи ВКД, бо ибтикори Ҷамъияти илмии «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ»-и кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, бахшида ба таҷлили ҷашни байналмиллалии Наврӯзи Аҷам мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Наврӯз дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид. Мизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ сардори шуъбаи ташкили илмӣ ва таъбу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М. ифтитоҳ намуда, бо ин иди фархунда ҳозиринро табрик намуданд. Дар кори мизи мудаввар омӯзгорон ва курсантон фаъолона ширкат намуда, дар мавзӯъҳои мухталифи илмӣ атрофи ҷашни байналмилалии Наврӯз маърӯзаҳо намуданд. Аз ҷумла устоди кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, Султонов Тоир дар мавзӯи «Наврӯз ҳамчун мероси ниёгон», Разоқова С.А. -курсан курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Мақом ва манзалати Наврӯз дар тамаддуни форсу тоҷик»., Муродов Б.Қ.-курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Наврӯз ҷашни бостонӣ ва муосир»., Наҷмиддинов Ҳ.Қ – курсанти курси 1–уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Наврӯз аз нигоҳи тамаддун ва фарҳанги ислом»., Муҳаммадрофеи А. – курсанти курси 2–юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Шукӯҳи наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Дар фосилаҳои кори мизи мудаввар, қироати шеър аз эҷодиёти курсанти курси 3-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Зардаков Довудшоҳ дар васфи Наврӯзи ҷаҳонӣ., қироати шеър аз эҷодиёти курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷононаи Зикрулло дар васфи Наврӯз, баҳор ва зебоӣ сурат гирифтанд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар, муовини сардори факултети №2, полковники милитсия Асламов Б.С. сухани ҷамъбастӣ намуда, аз ҷумла иброз намуданд, ки Наврӯз мақоми ҷашни байналмиллалиро бо ибтикор ва саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиб гаштааст, ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар сатҳи ҷаҳонӣ ботантана таҷлил гардида, аз арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии тоҷикон дарак медиҳад
Самиъзода Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.