Конференсияи илмӣ дар Академияи ВКД
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии курсантон ва ҷоннок намудани маҳфили илмии «Давлатшинос, 13-уми марти соли ҷорӣ, дар толори маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД конференсияи академиявӣ дар мавзӯи «Давлати ҳуқуқбунёд» бо иштироки курсантони факултети №2 ва курсантони факултети №4 баргузор гардид, ки дар он Сардори факултети №4 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А., муовини сардори факултети №4 оид ба таълим ва илм, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ н.и.ҳ., подполковники милитсия Ҳоҷибобо З.М. ва устодону курсантон иштирок намуданд.
Конференсияи мазкурро сардори факултети №4 Насуриён П.А, ҳусни оғоз бахшида, доир ба мафҳум ва моҳияти давлати ҳуқуқбунёд суханронӣ намуд.
Сипас, муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ лейтенанти калони милитсия Ибодзода М., курсантони курси 5-уми факултети №2 Ҷамшедзода Ҷ. ва Шарипов Ш., инчунин курсантони факултети №4 Давлатзода М. ва Давлатова Ш., доир ба мавзӯи мазкур баромадҳо намуданд.
Ибодзода М.А.
лейтенанти калони милитсия