Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони спартакиадаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

166

Рӯзи 14-уми марти соли ҷорӣ зимни маросими ҷамъбастии спартакиадаи муассисаҳои миёна ва олии таълимии низомии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки дар Академияи ВКД баргузор гардид, сардори кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии ин муассисаи таълимӣ майори милитсия Муҳиб Латипов иброз намуд, аз санаи 11 то 14-уми март дар Академияи ВКД ин спартакиада аз намудҳои футболи хурд, волейбол, шашка, шоҳмот ва ба қисмҳо ҷудо ва пайваст намудани силоҳ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ва эълон намудани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид, ки дар он варзишгарон дар ҳайати 10 даста бо ҳам сабқат намуданд.

57

Дар ин мусобиқа курсантони Академияи ВКД, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Донишкадаи сарҳадии КДАМ, Коллеҷи милитсияи ВКД бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб, Коллеҷи оташнишонии ВКД ва Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. 
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ аз ҷумла қайд намуд, ки имрӯз дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар Академияи ВКД спартакиада байни муассисаҳои таълимии олии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуд, ки он бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мустаҳкам гардонидани ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ гардидааст.

5859606162

Мавсуф дар идомаи суханрониаш иброз намуд, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат баҳри оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, то ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, номбардори ин сарзамин гарданд. 
Дар ин чорабинии варзишӣ ҷойи аввал ба дастаи Академияи ВКД бо гирифтани 5 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ, ҷойи дуюм бо 1 медали тилло, 1 нуқра ба дастаи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа муносиб дониста шуд. Ҷойи сеюм бо гирифтани 3 медали нуқра ва 2 биринҷӣ ба Мактаби олии КДАМ лоиқ дониста шуд.

6364

Дар охир ба ғолибон Ҷом, медал, Ифтихорнома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ,
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...