Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатми курси такмили ихтисос Академияи ВКД

162

Вобаста ба иҷрои нақшаи кории кафедраи такмили ихтисос ва иҷрои реҷаи гузаронидани курсҳои такмили ихтисос дар заминаи факултети №3 Академияи ВКД барои соли хониши 2018-2019 ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва болаёқат, дар факултети номбурда аз рӯзи 13-уми феврал то 13-уми марти соли равон, кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофизаи»-и ВКД бо шумораи 20-нафар ба дарс, фаро гирифта шуда буданд.
14-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби муовинони сардори Академияи ВКД оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия, Саидзода З.А. ва оиди кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Собирзода А.Ҷ., ба 20 нафар кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД, ки курси якмоҳаи такмили ихтисосро бомуввафақият хатм намуданд, сертификат супорида шуд.

163

Дар охир кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД, барои ташкил ва гузаронидани чунин курсҳои такмили ихтисос ба Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Ҳалимзода Д.Д.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...