Маросими супоридани шаҳодатномаҳо дар Академияи ВКД
7 марти соли 2019, бо иштироки сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаҳо ба шунавандагони курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос баргузор гардид.
Зимни суханронӣ сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., шунавандагонро ба ин муносибат табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар кори амалӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Шунавандагони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дарсҳои курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос, ки дар сатҳи олӣ гузашта буд, қаноатманд шуда, аз роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Академияи ВКД барои ташкили чунин курсҳои муфид изҳори миннатдорӣ намуда, хоҳиш карданд, ки дар оянда чунин курсҳо зиёдтар ташкил карда шаванд.
Ҳалимзода Д.Д.