Биҳишт, эй ҳамдилон, зери қудуми модарон бошад!
Рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Академияи ВКД бахшида ба «Рӯзи Модар» ташриф оварда, дар кори мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши зан дар ҷомеа ва мақомоти қудратӣ» баромад намуд ва тамоми бонувони Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар ин чорабинӣ гирд омада буданд, самимона ба «Рӯзи Модар» табрику таҳният гуфта, аз ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи зан-модар ёдовар гашта, онҳоро бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ намуд.
Ҳайати бонувони Вазорати корҳои дохилӣ табрикоти Вазири корҳои дохилиро бо хушнудӣ ва табъи болида пазируфта, барои фаъолияти минбаъда дар Вазорати корҳои дохилӣ руҳу илҳоми тоза гирифтанд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар консерти идонаи ҳаваскорони санъати ВКД, Академияи ВКД ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор гардида, ба чорабинӣ ҳусни дубора зам намуда, чорабиниро боз ҳам бошукӯҳ гардонид.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.