Агар хоҳӣ шудан бар сарварон сар, биомӯзу биандешу биофар...
Илм бузургтарин маъво, асоситарин мафҳумест, ки ҳаёт бо он пайваста мебошад ва беҳуда нест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илмро мунтазам дастгирӣ намуда, дар иҷрои самтҳои афзалиятноки Стратегияи рушди миллӣ ва тарбияи насли олимони даврони истиқлолият бештар таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.
Вобаста ба ин ва мутобиқи банди 18 Низомномаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 116 «Татртиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор)» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри с.2016, № 505) ба олимони зерини Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони илмии «ДОТСЕНТ» аз рӯйи ихтисоси “Ҳуқуқшиносӣ” сазовор дониста шуданд:
- Раҷабов Равшан Муҳитдинович - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия;
- Саидзода Зикрулло Алӣ – муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия;
- Одиназода Абдуғафор Шер – сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия;
- Тошев Амиршоҳ Мансурович – сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия.
Роҳбарият, ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба муносибати гирифтани унвони илмиашон бо самимияти саршор таҳният гуфта, саодати рӯзафзуни рӯзгор, осудагӣ, саломатӣ ва комёбиҳои беназири илмию эҷодӣ таманно доранд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон