Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Олимони ҷавон боиси ифтохоранд

151

Фаъолияти илмӣ - тадқиқотии устодону профессорони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санадҳои меъёрии давлатӣ ва идоравие, ки чунин навъи фаъолиятро дар муассисаҳои олӣ ва илмию тадқиқотии ҷумҳурӣ ба танзим медароранд, сурат мегирад.
Натиҷаҳо ва самтҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар маҷлисҳои кафедраҳо, Шӯрои олимон ва маҷлисҳои таъҷилии назди сардори факултет муҳокима карда шудаанд.
Самти дуюми асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии факултети №4 - ин тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-педагогӣ маҳсуб мегардад.
Айни замон дар факултети №4, 8 нафар унвонҷӯён тадқиқотҳои диссератсиониро амалӣ карда истодаанд, ки яке аз устодони факултет, иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ, подполковники милитсия Хушвахтзода Хуршед Худойқул корҳои диссертатсионии хешро ба анҷом расонида, ҳоло дар арафаи ҳимоя қарор дорад.

152

Зеро санаи 4-уми марти соли 2019 дар шуъбаи ҷанубии Академияи миллии Ҷумҳурии Қирғисистон ва Донишгоҳи давлатии вилояти Ош дар мавзӯи “Институт военного управления Таджикистана 8-13 веках (Историко-правовое иследование)” номзадии пеш аз дифоъро бомуваффақият ҳимоя намуд.
Бояд зикр кард, ки аз тарафи подполковники милитсия Хушвахтзода Хуршед Худойқул зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ вобаста ба мавзӯи рисолаи номзадӣ дар маҷаллаҳои дохиливу хориҷии кишвар нашр шудааст. Мо умед аз он дорем, дар рӯзҳои наздик подполковники милитсия Хушвахтзода Хуршед Худойқул рисолаи диссертатсионии худро дифоъ намуда, намунаи дигар устодони ҷавони факултет мегардад, яъне боиси фахри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки солҳои охир ҳамаи устодони ҷавони факултет ба илму маърифат рӯ овардаанд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...