Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷоми мусобиқаҳо бахшида ба «Рӯзи Модар» дар факултети №4 Академияи ВКД

147

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., досент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., ташкилоти ҷамъиятии «Хазинаи Авруосёгии Осиёи марказӣ дар Тоҷикистон», Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ», ки маблағгузори ин ташкилотҳо Иттиҳоди Аврупо мебошад, дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлил намудани иди 8-март, «Рӯзи Модар», мусобиқаҳои варзишӣ миёни корманд-занҳо ва курсант-духтарон аз санаи 27-уми феврал то 4-уми марти соли 2019 ташкил ва гузаронида шуд.

148

Санаи 27-уми феврал дар толори варзишии факултети №4 дар маросими кушодашавии мусобиқаҳо бахшида ба «Рӯзи Модар» сардори факултети мазкур, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, бонувони факултетро бо фарорасии иди баҳор, иди бонувон табрик намуд ва барои ба муваффақиятҳо ноил гардидан дар мусобиқаҳо, бурдбориҳо таманно кард.
Мавриди қайд аст, ки тибқи нақшаи ин чорабинии варзишӣ бонувони факултет аз рӯйи 4 намуди варзиш, яъне волейбол, шашка, шоҳмот ва варзиши сабук байни худ қувваозмоӣ намуданд. Дар муддати гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ дар факултет иштирокчиёни мусобиқаҳо фаъол буда, озмунҳо дар як фазои идона гузаронида шуданд. Дар натиҷа ғолибони мусобиқаҳо муайян гардиданд.
Дар мусобиқа оид ба шашка:
Ҷойи 1-ум: серж.калони мил. Аҳмадҷонова М.М.
Ҷойи 2-юм: майори милитсия Маннонзода З.
Ҷойи 3-юм: майори милитсия Аҳмадзода М.А.
Дар мусобиқа оид ба шоҳмот:
Ҷойи 1-ум: подполковники мил. Муқимзода М.М.
Ҷойи 2-юм: милитсияи қаторӣ Эшонқулова М.О.
Ҷойи 3-юм: милитсияи қаторӣ Турдибекова Ж.А.

Дар мусобиқа оид ба варзиши сабук: (давидан ба масофаи 100м)
Ҷойи 1-ум: милитсияи қаторӣ Алидодова Д.К
Ҷойи 2-юм: милитсияи қаторӣ Наврӯзова З.Н
Ҷойи 3-юм: милитсияи қаторӣ Каримова М.А.
Дар мусобиқа оид ба варзиши сабук:(ҷастан дар ресмон)

Ҷойи 1-ум: милитсияи қаторӣ Холматова М.М.
Ҷойи 2-юм: милитсияи қаторӣ Насризода А.А.
Ҷойи 3-юм: милитсияи қаторӣ Одибекова М.Р.

149

Рӯзи 6-уми марти соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи факултети №4 ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид. Дар ҷамбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони мусобиқаи мазкур, директори ташкилоти ҷамъиятии «Хазинаи Авруосёгии Осиёи марказӣ дар Тоҷикистон», н.и.ҳ., Азимҷон Сайфиддинов ва директори ташкилоти ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ», Шуҷоат Ҳасанова иштирок намуда, доир ба мавзӯи лоиҳа «Такмили сохтори ҳисоботдиҳӣ ва ҳалли масъалаҳои зӯроварӣ аз рӯи нишонаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон» баромад намуданд. Маърӯзаҳои онҳо ниҳоят пурмазмун, ки ба проблемаҳои зӯроварӣ нисбати занон ҳамчун ҷиноят ва поймолкунии ҳуқуқи инсон, равона шуда буд, мақбули иштирокчиён гардид.

150

Сипас, ба ҳамаи корманд-занҳо ва курсант-духтарони факултет аз тарафи ин ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахшида ба фарорасии Рӯзи Модар тӯҳфаҳо супорида шуданд. Илова бар ин ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо Ифтихорнома, медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети № 4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...