Рушди самтҳои криминалистика
Рӯзи 1-уми марти соли 2019 дар маҷлисгоҳи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, конференсияи илмӣ-амалии байнидонишгоҳӣ бахшида ба «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 100-солагии илми криминалистика, дар мавзӯи «Таърихи ташаккули илми криминалистика ва рушди он дар солҳои соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон», баргузор гардид.
Конференсияро ҷонишини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, н.и.и., дотсент Қаюмов А., бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд.
Сипас аз рӯи барномаи конференсия сармуаллими кафедраи тиҷорат ва савдои Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Хонкелдиев М., дар мавзӯи «Таърих ва инкишофи илми криминалистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори шӯъбаи ташхисӣ-криминалистикии (ШТК) РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Шарифзода Э.Т., дар мавзӯи «Фаъолияти ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва намуди ташхису таҳқиқотҳое, ки дар шӯъба гузаронида мешавад», сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Муллобоев М.Р., дар мавзӯи «Ҳамкории мақомоти тафтишотӣ оид ба баргузории амалҳои тафтишотӣ бо шӯъбаи ташхиси - криминалистӣ», декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикикистон, н.и.ҳ., дотсент Тоҷибоев Ш.А., дар мавзӯи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи криминалистикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.
Дар конференсия профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва донишҷӯёни курси сеюми факултети №4 Академияи ВКД фаъолона иштирок намуданд.
Хонкилдиев А.Б., корманд-мутахассиси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД, сержанти милитсия.