Такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Академияи ВКД
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани савияи дониши хизматчиёни давлатӣ, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 бармеояд дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 чунин курсҳои омӯзиши кӯтоҳмуддат барои кормандони воҳидҳои оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста ташкил ва гузаронида мешавад.
Рӯзи 5-уми марти соли 2019 аз ҷониби сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал- майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дарсҳо аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуданд.
Кормандони оперативии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсро бо як мароқи том гӯш карда, дониши заруриро дар самти кори оперативӣ аз худ намуда, бо рӯҳияи баланд аз роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД барои ташкил ва гузаронидани чунин курсҳои такмили ихтисос изҳори миннатдорӣ намуданд.
Роҳбарияти Академияи ВКД тасмим гирифтааст, ки дар оянда шумораи шунавандагони курсҳои такмили ихтисосро аз дигар мақомотҳои давлатӣ боз ҳам афзун намуда, дар такмили савияи дониши касбии онҳо саҳмгузор гардад.
Ҳалимзода Д.Д., Асламов Б.С.