Дидан намудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳукуқ аз бинои Академияи ВКД ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Дар асоси нақшаҳои мавзӯии курсҳои такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Баҳри шиносоӣ пайдо намудан аз фаъолияти сохторҳои Академия, шуъбаҳо, кафедраҳо, китобхона, маркази тестӣ, синфхонаи тирпарронӣ ва толори фарҳангӣ дидан намуда, бо ҳайати профессорону омӯзгорон суҳбат намуданд.
Махсусан ба онҳо гӯшаи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва осори олимони Академияи ВКД писанд омад. Барои хотира онҳо аксбардорӣ намуда, бо адабиёти илмӣ, таълимӣ шинос гардиданд.
Чунин дарсҳои шиносоӣ бо шунавандагони курсҳои такмили ихтисос мунтазам баргузор карда мешаванд.
Ҳалимзода Д.Д., Сафаров О.